Пайвандҳои дастрасӣ

Украина як бахши қарзи Русияро пардохтааст


Ҳукумати Украина мегӯяд, аввалин транши қарзи газро ба ширкати “Газпром”-и Русия пардохта ва банди созишномаи ҳосилшуда бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупоро иҷро кардааст. Ширкати давлатии “Нафтогаз”-и Украина рӯзи 4-уми ноябр гуфт, ки ба ҳисоби Газпром 1 миллиарду 450 миллион доллар интиқол додааст. Бар асоси тавофуқи ду тараф аз рӯзи 30-уми октябр, “Нафтогаз” бояд то охири сол ба Газпром 3 миллиарду 100 миллион доллар бипардозад. Газпром гуфтааст, ки баъди интиқоли транши аввали қарз ва пешпардохти 760 миллион доллар барои моҳи ноябр, интиқоли газро ба Украина шурӯъ мекунад. Ширкати Нафтогаз дар бораи пешпардохти пули газ барои моҳи ноябр чизе нагуфтааст. Аввали имсол Русия қимати газ барои Украинаро боло бурд ва бо зикри қарзи 5.3 миллиард долларӣ интиқоли газ ба Украинаро қатъ кард. Русия мехоҳад, Украина пули гази табииро пешакӣ бипардозад.

XS
SM
MD
LG