Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко қарордоди сулҳ бо ҷудоихоҳонро бозбинӣ мекунад


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина дар мулоқот бо раҳбарони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии ҳукумати худ гуфт, ки қарордоди сулҳ бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина бояд бозбинӣ шавад. Вай ин суханонро баъд аз ду рӯзи интихоботи ҷудоихоҳон изҳор дошт.

Порошенко дар оғози мулоқот бо Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина гуфт, ки дар ин ҳамоиш қонунеро ботил хоҳанд кард, ки бар асоси нақшаҳои сулҳ 5 сентябр дар шаҳри Минск ба тасвиб расида буд. Ин қонун ба минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳон мухторияти маҳдудро медод.

Порошенко гуфт, ки интихоботи 2 ноябр дар минтақаҳои ҷудоихоҳ, ки бахше аз қаламрави Украина мебошад, “нақзи комили протоколи 5 сентябри Минск аст”.

Пеш аз мулоқоти Порошенко бо Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина ду нафар раҳбарони ҷумҳуриҳои худхондаи мардумии Донетск ва Луҳанск савганди вафодорӣ ёд карданд.

XS
SM
MD
LG