Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи кории Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия аз муассисаи махсуси рақами 3/7, ки дар онҷо аслан кормандони ниҳодҳои интизомӣ нигоҳдорӣ мешаванд, 30 маҳбус, яъне кормандони мақомоти интизомиро бар асоси қонуни нави афв раҳо кард.

Онҳо кормандони вазорати корҳои дохила, кормандони додситонию додгоҳҳо ва раёсати марзбонию дигар ниҳодҳои интизомӣ мебошанд, ки барои содир кардани ҷиноят ба солҳои мухталиф маҳкум шуда буданд.

Раёсати муассисаҳои ислоҳӣ хабар медиҳад, ки ба дунболи ин аз зиндони “Гароутӣ” воқеъ дар ноҳияи Ҷиликул 513 маҳбус раҳо шудаанд.

Ва ҳамчунин аз маҳбаси рақами 4 воқеъ дар маҳалаи “1 ум Советский”- и пойтахт 321 зиндонӣ тибқи қонуни афв раҳо шудаанд.

XS
SM
MD
LG