Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон қонуни зидди тундгароиро шадидтар кард


Дафтари Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон бар асоси қонуне, ки вай 3 ноябр имзо кардааст, тартиби муайян кардани гурӯҳе чун гурӯҳи террористӣ ё тундрав соддатар шудааст.

Ин қонун ба мақомоти интизомӣ иҷоза медиҳад, то фаъолияти гурӯҳеро, ки террорист ё тундрав муаррифӣ мешавад, билофосила бибанданд ва дороиашро мусодира кунанд.

Сомонаҳои интернетие, ки маводи тундгароёна ё террористӣ чоп мекунанд, дар кишвар баста мешаванд. Шаҳрвандони Қазоқистон, ки ба хориҷ сафар мекунанд, ҳушдор дода мешаванд, ки ба гурӯҳҳои террористӣ ё тундрав ҳамроҳ нашаванд, зеро онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки садҳо нафар шаҳрвандони ин кишвар як ҷо бо тундравҳо бар зидди нируҳои ҳукуматӣ дар Сурия меҷанганд.

Аммо мухолифони ҳукумат мегӯянд, ки ҳукумат бо истифода аз ин қонуни зидди тундгароӣ бар зидди мухолифони худ ва матбуоти озод мубориза мекунад.

XS
SM
MD
LG