Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни Ҳелловин дар "Гӯшаҳои Амрико" дар Тоҷикистон


 Facebook
Facebook

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар гӯшаҳои фарҳангии Амрико 600 нафар мактаббачагон аз саросари Тоҷикистон иди Ҳелловинро ҷашн гирифтанд. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 4 ноябр дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо пахши аксҳои мухталиф аз лаҳзаҳои таҷлили иди Ҳелловин хабар додааст: “Буу! Гӯшаҳои Амрико бо 600 нафар мактаббачагон дар саросари Тоҷикистон анъанаи ҳаросноки Хэллоуинро ҷашн мегиранд.”

Ин дар ҳолест, ки шаби 25 октябр маъмурони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гурӯҳе аз ҷавонони тоҷикро, ки дар клуби шабонаи “Порт-Саид” ҷашни “Ҳелловин”-ро таҷлил мекарданд, пароканда карданд.

XS
SM
MD
LG