Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Амрико интихоботи миёндавраӣ баргузор мешавад


4 ноябр дар саросари Амрико интихобот баргузор мешавад. Райдиҳандагон 36 сенатор, 435 узви Маҷлиси Намояндагон ва 36 раиси аёлатро интихоб мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, интизор меравад, ки Ҷуҳурихоҳон дар Маҷлиси Намояндагон аксарияти қотеъ ба даст оранд.

Вале таваҷҷуҳи бештар ба Сенат ҷалб хоҳад шуд. Ҷумҳурихоҳон умедворанд, ки назорат бар Сенатро ҳам ба даст оранд. Сенат аз 100 узв иборат аст ва ҳоло дар он Демократҳо аксариятро ташкил медиҳанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, агар Ҷумҳурихоҳон назорат бар ҳар ду маҷлиси Конгрессро ба даст оранд, дар он сурат Барак Обамаи демократро маҷбур хоҳанд сохт, то бартариҳо дар сиёсати худро тағир диҳад ва барои ду соли боқимондаи ҳукуматаш баъзе мақомҳои Кохи Сафедро иваз кунад.

XS
SM
MD
LG