Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порошенко бо раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ мулоқот мекунад


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Интизор меравад, ки 4 ноябр Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина бо раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишвараш мулоқот кунад. Онҳо уҳдадориҳои ҳукумат дар созишномаи оташбаси 5 сентябрро баррасӣ мекунанд, ки дар Минск имзо шуда буд. Ин дар ҳолест, ки баргузории интихоботи зиддунақиз дар шарқи Украина дар минтақаҳои ҷудоихоҳ аҳамияти ин созишномаро зери суол бурд.

Порошенко мегӯяд, ки интихоботи 2 ноябр дар Луҳанску Донетск бар хилофи муқаррароти созишномаи оташбас баргузор шудааст, ба ҳамин далел вай мехоҳад қарореро лағв кунад, ки ба ин ду минтақаи аслан русзабон мухторияти маҳдудеро замонат медод.

Кохи Сафеди Амрико гуфт, ки ин интихоботи “дуруғин”-ро, ки ҷудоихоҳон баргузор карданд, ба расмият нахоҳад шинохт. Хонум Бернадетт Миҳон-сухангӯи Шӯрои Амнияти Кохи Сафед низ изҳори нигаронӣ кард, ки Маскав талош дорад, ба ин интихобот ҷанбаи қонунӣ бахшад.

Григорий Карасин-муовини вазири корҳои хориҷаи Русия пештар гуфта буд, ки акнун раҳбарони интихобшудаи шарқи Украина салоҳият пайдо кардаанд, ки бо Кеив ба музокира биншинанд.

XS
SM
MD
LG