Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи баргузории бозиҳои сабқати ниҳоии лигаи аввал муайян шуд


Лигаи миллии футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои сабқати ниҳоии лигаи аввалро тасдиқ кард.

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқаи лигаи аввалро тасдиқ намуд. Ба иттилои Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, бозиҳои аввали даври ниманиҳоии лигаи якум байни дастаҳои «Саройкамар» (Панҷ) - «Эсхата» (Хуҷанд) ва «Исфара» (Исфара) - «Кӯктош» (Рӯдакӣ) рӯзи 9-уми ноябр баргузор мешаванд.

Бозиҳои ҷавобӣ 13-уми ноябр барпо мегарданд. Бозии аввал барои ҷойи севум ва бозии аввали ниҳоӣ 18-уми ноябр, бозиҳои ҷавобӣ 23-юми ноябр баргузор хоҳанд шуд.

Тақвими сабқати ниҳоии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

1/2 финал. Бозиҳои аввал

9-уми ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

82. «Саройкамар» - «Эсхата»

83. «Исфара» - «Кӯктош»

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

13-уми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 13:00

84. «Эсхата» - «Саройкамар»

85. «Кӯктош» - «Исфара»

18-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Бозии аввал

86. Дастаи мағлуби бозии №82 – Дастаи мағлуби бозии №83

Финал. Бозии аввал

87. Ғолиби ҷуфти №82 – Ғолиби ҷуфти №83

23-юми ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 13:00

Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Бозии ҷавобӣ

88. Дастаи мағлуби бозии №83 – Дастаи мағлуби бозии №82

Финал. Бозии ҷавобӣ

89. Ғолиби ҷуфти №83 – Ғолиби ҷуфти №82

XS
SM
MD
LG