Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли ҷасади муҳоҷири тоҷик аз Нижний Тагил ба Бохтар


Тобути муҳоҷири кушташудаи тоҷик, сокини деҳаи “Янгифарғона”и ноҳияи Бохтар Давлатҷон Раҳматови 34-сола субҳи рӯзи 4 ноябр аз Маскав ба Душанбе интиқол дода шуд. Наздикони Давлатҷон Раҳматов мегӯянд, ки пас аз расонидани тобути Давлатҷон Раҳматов, ҷасади ӯро зуд хоксупорӣ карданд, зеро аз ҳодисаи маргаш тақрибан 10 рӯз гузашта буд. Давлатҷон Раҳматов тайи чанд соли ахир дар Нижний Тагил ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият дошт ва 10 руз қабл бар асари як муноқиша бо сокинони маҳалии Нижний Тагил шадидан латту куб шуда, аз ошёнаи дувум сарозер карда шудааст. Наздикони Давлатҷон Раҳматов мегӯянд, ки вақте ҷасади ӯро шустаанд, дар чеҳрааш осори латту куб ва доғҳои сиёҳ дар зери чашму биниаш ҳанӯз боқӣ монда буд. Вай дар Нихний Тагил соҳиби хонавода буда, аз ҳамсари рустабораш соҳиби ду фарзанд будааст.

XS
SM
MD
LG