Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи НАТО Русияро танқид кард


Филип Бридлов, генерали нерӯҳои ҳавоии Амрико ва як фармондеҳи баландпояи НАТО гуфт, интихоботи баргузоркардаи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина мухолифи талаботи барномаи сулҳ аз рӯзи 5-уми сентябр аст ва дар беҳбуд ёфтани вазъ кӯмак намекунад. Филип Бридлов, рӯзи 3-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ дар вазорати дифои Амрико дар Вашингтон гуфт, Русия ҳамчунон ҷудоихоҳони шарқи Украинаро бо силоҳу муҳимот таъмин мекунад ва аз 250 то 300 сарбози Русия дар дохили Украина мондаанд ва ба ҷудоихоҳон дарсу омӯзиш медиҳанд. Ба гуфтаи Филип Бридлов,созиши оташбасе ки ҷудоихоҳони тарафдори Русия бо ҳукумати Украина бастанд, "ба ном созиши оташбас аст." Аз ин пеш мақомоти худхондаи вилоятҳои Донетск ва Луҳанси Украина гуфтанд, ки раҳбарони шинохтаи ҷудоихоҳон дар ин вилоятҳо дар интихобот пирӯз шудаанд.

XS
SM
MD
LG