Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷудоихоҳони Украина натиҷаҳои интихоботро эълон карданд


Мақомоти худхондаи вилоятҳои Донетск ва Луҳански Украина мегӯянд, раҳбарони шинохтаи ҷудоихоҳон дар ин вилоятҳо дар интихобот пирӯз шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо ин интихоботро ғайриқонунӣ ва Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина онро “мазҳака” номид. Ба гуфтаи мақомоти Донестк ва Луҳанск, Александр Захарченко ва Игор Плотнитский, раҳбарони ба ном Ҷумҳуриҳои мардумии Донестк ва Луҳанск интихоб шудаанд. Интихобот рӯзи 2-уми ноябр сурат гирифт ва Роман Лягин, як мақоми интихоботии ҷудоихоҳон гуфт, “Киев бояд ин воқеиятро бипазирад, ки Донбасс дигар бахше аз Украина нест.” Донбасс яке аз минтақаҳои саноатии Украина аст, ки Донетску Луҳанск ба он шомил мешаванд. Ба гуфтаи мунтақидони ҷудоихоҳон, Захарченко ва Плотнитский дар интихобот, ки бо вуҷуди мухолифати Киев сурат гирифт рақибони воқеӣ надоштанд. Русия гуфтааст, ки интихобот иродаи мардуми Донетск ва Луҳанскро нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG