Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отамбоев гуфт, тундгароӣ мисли саратон аст


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ваъда дод, ки нисбат ба “гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ” чораҳои сахт меандешад. Алмосбек Отамбоев, рӯзи 3-уми ноябр дар нишасти Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон гуфт, “ифротгароии динӣ мисли як саратон аст ва онро набояд бе табобат монанд.” Раиси ҷумҳури Қирғизистон афзуд, ҳар касе, ки низоми дунявии кишварашро намепазирад, бар асоси қонун ҷазои сахт мегирад. Алмосбек Отамбоев гуфт, қирғизҳо мусулмонанд ва мусулмон мемонанд, вале тундгароии исломӣ метавонад, “ба арабизатсияи ҷомеаи Қирғизистон расонда ва миллати қирғизро аз забону урфу одатҳояш маҳрум кунад.” Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, садҳо нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба тундгароён дар Сурия пайваста ва алайҳи нерӯҳои ҳукуматии он кишвар меҷанганд.

XS
SM
MD
LG