Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Руминия ба даври дуввум кашид


Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Руминия, ба даври дуввум кашид. Бино ба назарсанҷиҳои баъд интихоботи рӯзи 2-уми ноябр Виктор Понта, нахуствазир ва Клаус Йоҳаннис, раиси шаҳри Сибиу аксари раъйи мардумро ба даст овардаанд, аммо ин оро барои пирӯзиашон дар даври аввал кофӣ нест. Бар тибқи натиҷаҳои муқаддамотии интихобот, Виктор Понта 37.5 дар сад ва Йоҳаннис бештар аз 30 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудаанд. Даври дуввуми интихобот рӯзи 16-уми ноябр баргузор мешавад ва баъди он аҳди даҳсолаи Трайан Басеску, раиси ҷумҳури Руминия, ба поён мерасад. Дар интихоботи рӯзи якшанбе 52.3 дар сади раъйдиҳандагон ширкат кардаанд. Виктор Понтаи 42-сола, додситони собиқи Руминия, аз шумори он сиёсатмадорони Ҳизби сотсиал-демократ аст, ки дар байни мардум обру дорад. Руминия соли 2007 ба Иттиҳодияи Аврупо ҳамроҳ шуд, вале ҳамчунон дуввумин кишвари фақир ва аз кишварҳои фасодзадаи ин иттиҳодия боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG