Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳинду Покистон бомбгузории хунинро маҳкум карданд


Нахуствазирони Ҳинду Покистон ҳамлаи хунини маргталабона дар гузаргоҳи аслии марзи байни ду кишварро маҳкум карданд. Бар асоси гузоришҳои нав, дар бомбгузории рӯзи 2 ноябр дар гузаргоҳи Вагаҳ 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Муштоқ Сухера, раиси пулиси ин маҳал гуфт, таркиш дар замоне сурат гирифт, садҳо нафар аз раҳпаймоии низомӣ дар ҳошияи шаҳри Лоҳур бармегаштанд. Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, аз ҳамлаи хунин дар гузаргоҳ ибрози “ғаму андӯҳ” кард ва Нарендра Модӣ, ҳамтои ҳиндии ӯ бомбгузориро “ваҳшатангез ва амали ноҷавонмардона” номид. Бар тибқи гузориши Радиои Машъал, гурӯҳҳои ҷудошуда аз Толибон ба мисли Таҳрики Толибон ва Ҷамоат –ул-Аҳрор масъулияти бомбгузориро бар дӯш гирифтанд. Дар саросари Покистон ҳоло тадобири амниятиро тақвият бахшиданд, зеро шиамазҳабон маросими Ошӯро, ё ёдоварӣ аз марги Имом Ҳусайн, набераи Ҳазрати Муҳаммадро баргузор мекунанд. Дар гузашта тундравони суннимазҳаб ингуна маросимҳоро ба хун оғушта кардаанд.

XS
SM
MD
LG