Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи ҷудоихоҳони Украинаро ғайриқонунӣ хонданд


Иттиҳодияи Аврупо гуфт, интихоботи баргузоркардаи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина, “монеае дар роҳи сулҳ” аст ва иттиҳодия онро ба расмият намешиносад. Федерика Моҷерини, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, интихоботи рӯзи 2-уми ноябр дар Донестк ва Луҳанск “ғайриқонунӣ ва ғайримашрӯъ” хонд. Дар ин ду вилояти зери контроли ҷудоихоҳони тарафдори Русия, рӯзи якшанбе раҳбарони ба ном “ҷумҳуриҳои мардумии” Донетск ва Луҳанскро интихоб карданд. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки ба “раъйи мардуми ҷанубушарқи Украина” эҳтиром мегузорад. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли вазорати умури хориҷии Русия навиштааст, ки “намояндагони интихобшуда аз мардум дастур гирифтанд, ки барои барқарории зиндагии маъмулӣ вазифаҳои амалиро иҷро кунанд.” Пештар аз ин Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, интихобот дар Донетску Луҳанскро “мазҳакае” номид, ки ба гуфтаи ӯ “зери тиру тӯп мегузарад”. Артиши Украина рӯзи 2-уми ноябр гуфт, Русия ба “интиқоли таҷҳизоти низомӣ ва сарбозонаш” ба манотиқи таҳти назари ҷудоихоҳон дар шарқи Украина шурӯъ кардааст.

XS
SM
MD
LG