Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангиёни толибро аз Сӯфиён ронданд


Нирӯҳои афғон дар мактаби Сӯфиён
Нирӯҳои афғон дар мактаби Сӯфиён

Дар натиҷаи як амалиёти вижаи нирӯҳои амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон деҳаи Сӯфиёни вулусволии Вардуҷ дигарбора ба ихтиёри ҳукумат гузашт.

Сайид Абдулқодири Сайёд, сарвари ситоди фармондеҳии пулиси ин вилоят, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин амалиёт як ҳафта идома дошт. Вай афзуд, Толибон ва ҷангиёни хориҷӣ муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла мактаби деҳаро сӯхта, фирор кардаанд. Ба қавли ӯ, аз низомиёни ҳукуматӣ касе кушта, ё захмӣ нашуда, ҷангиён талафоти сангин додаанд, аммо теъдоди кушташудагон ҳоло муайян нашудааст.

Қаблан мақомоти расмии вилояти Бадахшони Афғонистон ин хабарро пахш карда буданд, ки беш аз нисфи 110 ситезаҷӯе, ки ба тозагӣ вориди Бадахшони Афғонистон шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Ба қавли онҳо, дар деҳаи Сӯфиёни вулусволии Вардуҷ теъдоди бузурги ҷангиёни тоҷик низ бо неруҳои ҳукуматӣ дар набарданд ва яке аз онҳо таги тонк монда, кушта шудааст.

Сайид Абдулқодири Сайёд мегӯяд, ҳоло амалиёти нерӯҳои пулис, амният ва урдуи миллӣ барои поксозии ҷангиён дар вулусволиҳои Яфтал, Ёвон, Роғистон ва Кӯҳистони ин вилоят, ки ба марзи Тоҷикистон наздик ҳастанд, шурӯъ шудааст.

Вуруди ситезаҷӯён аз Покистон ба хоки Бадахшон авохири моҳи гузашта дигарбора ҷон гирифт. Бар асари ҳамлаҳои ҷангиён сари нерӯҳои марзбонӣ ва пулиси маҳаллӣ 4 пулис кушта шуда ва як теъдоди дигар ба асорат афтодаанд. Ҷангиён дар дараи Хустаки вулусволии Ҷурм пойгоҳ дошта, аз он ҷо ба амалиёт мераванд.

Ин дувумин бурузи ситезаҷӯён, ки ба қавли мақомоти Афғонистон, аз ҳаракати Толибон, “Ал – Қоида”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистон намояндагӣ мекунанд, дар Бадахшони Афғонистон дар соли ҷорист.

XS
SM
MD
LG