Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳузури низомии худро дар шарқи Украина афзоиш медиҳад


Андрий Лисенко
Андрий Лисенко

Андрий Лисенко-сухангӯи низомиёни Украина мегӯяд, ки Русия ба “афзоиши ҳузури таҷҳизоти низомӣ ва персонали низомӣ”-и худ аз хоки Русия дар манотиқи шарқии зери назорати ҷудоихоҳон оғоз кардааст.

Хабарнигорони ғарбӣ мегӯянд, ки ҳаракати низомиёнро дар наздикии Донетск мушоҳида кардаанд. Дар ҳамин ҳол хабарнигорон аз шаҳри Донетски Украина гузориш додаанд, ки дар ҷараёни райдиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ мардони мусаллаҳро мушоҳида кардаанд.

Хадамоти амниятии Украина 2 ноябр гуфтанд, ки ин интихобот муқаррароти Қонуни Асосии ин кишварро нақз мекунад ва заминаро барои “ғасби қудрат” фароҳам меорад. Хадамоти амниятӣ ҳамчунин мегӯянд, ки бар зидди созмондиҳандагони ин интихобот парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG