Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тундравҳо 50 узви дигари қабиларо дар Ироқ куштанд


Раҳбари як қабилаи сунниҳои ҷонибдори давлат дар вилояти Анбори Ироқ мегӯяд, ки тундравҳои Давлати Исломӣ даст ба куштори афроди қабилаи вай задаанд ва вақтҳои охир бештар аз 200 нафар мардон, занон ва кӯдакони ин қабиларо куштаанд.

Шайх Наим ал Ҷауд мегӯяд, ки 2 ноябр тундравҳо 50 нафари дигарро дар чашми мардум ба қатл расондаанд. Ин одамон баъд аз тасарруфи шаҳраки Ҳит аз тарафи тундравҳо ба деҳаи Рас-ал Мо фирор карда буданд.

Ба гуфтаи раҳбари қабила, тундравҳои Давлати Исломӣ 125 нафар аъзои қабилаи вайро асир гирифтаанд. Аъзои ин қабила як ҷо бо нируҳои давлати Ироқ бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ ҷанг мекарданд.

Бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико, тундравҳо вилояти Анборро дар тасарруфи худ нигоҳ медоранд.

XS
SM
MD
LG