Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳавзаи интихоботии Донетск мардони мусаллаҳро мушоҳида карданд


Хабарнигорон аз шаҳри Донетски Украина гузориш додаанд, ки дар ҷараёни райдиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ мардони мусаллаҳро мушоҳида кардаанд.

Хадамоти амниятии Украина 2 ноябр гуфтанд, ки ин интихобот муқаррароти Қонуни Асосии ин кишварро нақз мекунад ва заминаро барои “ғасби қудрат” фароҳам меорад. Хадамоти амниятӣ ҳамчунин мегӯянд, ки бар зидди созмондиҳандагони ин интихобот парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Аз сӯи дигар мақомоти худхондаи минтақаҳои Донетску Луҳанск мегӯянд, ки дар ин “интихобот” раҳбарони “Шӯрои мардумӣ” ва “ҷумҳуриҳои мардумӣ”-ро интихоб мекунанд.

Чаҳор наҳфар, аз ҷумла раҳбари кунунии он Игор Плотницкий барои дарёфти мақоми раҳбарии “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск”мубориза мебаранд. 3 нафари дигар аз “ҷунбиши иҷтимоӣ” барои курсии “Шӯрои мардумӣ” бо ҳам мубориза мекунанд.

Се нафар аз ҷумла Александр Захарченко-раҳбари кунунии Донетск барои раҳбарии “Ҷумҳурии мардумии Донетск” номзадии худро гузоштаанд. Ду ҷунбиши дигар барои курсиҳо дар “Шӯрои мардумӣ”-и Донетск мубориза мекунанд.

Мақомоти ҷудоихоҳ мегӯянд, ки 3 миллион баргаи рай таҳия шудааст ва ҳоло райдиҳӣ тавассути интернет низ идома дорад.

Ҳукумати Украина, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ин интихоботро ғайриқонунӣ арзёбӣ карданд

Мақомоти расмии Русия эълон карданд, ки натиҷаҳои интихоботро ба расмият хоҳанд шинохт.

XS
SM
MD
LG