Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи зиддунақизи ҷудоихоҳони Украина идома дорад


Дар шарқи Украина дар минтақаи зери конроли ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия интихоботи зиддунақизи маҳаллӣ идома дорад. Мақомоти худхондаи минтақаҳои Донетску Луҳанск мегӯянд, ки дар ин “интихобот” раҳбарони “Шӯрои мардумӣ” ва “ҷумҳуриҳои мардумӣ”-ро интихоб мекунанд.

Ҳукумати Украина, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ин интихоботро ғайриқонунӣ арзёбӣ карданд.

Чаҳор наҳфар, аз ҷумла раҳбари кунунии он Игор Плотницкий барои дарёфти мақоми раҳбарии “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск”мубориза мебаранд. 3 нафари дигар аз “ҷунбиши иҷтимоӣ” барои курсии “Шӯрои мардумӣ” бо ҳам мубориза мекунанд.

Аз сӯи дигар, се нафар аз ҷумла Александр Захарченко-раҳбари кунунии Донетск барои раҳбарии “Ҷумҳурии мардумии Донетск” номзадии худро гузоштаанд. Ду ҷунбиши дигар барои курсиҳо дар “Шӯрои мардумӣ”-и Донетск мубориза мекунанд.

Мақомоти ҷудоихоҳ мегӯянд, ки 3 миллион баргаи рай таҳия шудааст ва ҳоло райдиҳӣ тавассути интернет низ идома дорад.

XS
SM
MD
LG