Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бангладеш ғули матбуотӣ ба марг маҳкум шуд


Мир Қосим Алӣ -ғули матбуотии Бангладеш ва яке аз раҳбарони бузургтарин ҳизби исломии ин кишвар барои ҷурму ҷиноёти ҷангӣ дар соли 1971 ба қатл маҳкум шуд. Соли 1971 Бангладеш барои истиқлол аз Покистон бо ин кишвар вориди ҷанг шуда буд.

Мир Қосим Алӣ дорои як маркази телевизионӣ ва як рӯзнома аст, ки бо ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ҳамкорӣ мекунад. 2 ноябр додгоҳи Дака вайро бо даҳ модда муттаҳам эълон кард, ки дар миёни ин иттиҳомот куштор ва одамрубоӣ низ ҳаст.

Ҳукумат соли 2013 маркази телевизионии Мир Қосим Алиро барои барангехтани хусуматҳои мазҳабӣ баст. Вакили мудофеи Алӣ ин иттиҳомотро бепоя хонд ва гуфт, ки онҳо ба Додгоҳи Олӣ бар зидди ин ҳукм шикоят хоҳанд бурд.

Ҳукми Алӣ замоне содир шуд, ки чанд рӯз пеш додгоҳе дар Бангладеш Мути-ур-Раҳмон Низомӣ-раиси ҳизби Ҷамъияти Исломиро маҳкум ба эъдом кард. Вайро барои ҷонибдорӣ аз шибҳанизомиёни покистонӣ дар ҷанги соли 1971 гунаҳгор медонанд.

XS
SM
MD
LG