Пайвандҳои дастрасӣ

3 ноябр терминали нави байналмиллалӣ ба кор медарояд


Терминали нави фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе 3 ноябр ба фаъолият шуруъ мекунад. Дар ин бора Маҳмадюсуф Шодиев-сухангӯи фурудгоҳ ба матбуот хабар додааст.

Дар ҳафтаи аввали оғози фаъолият коршиносони фаронсавӣ бо кормандони тоҷик ҳамкорӣ хоҳанд кард. Сипас терминал комилан дар ихтиёри кормандони фурудгоҳи Тоҷикистон гузошта мешавад. Вале дар давоми як сол коршиносони фаронсавӣ кормандони фурудгоҳро омӯзиш ва дар зимн роҳҳои истифода аз таҷҳизоти навро ёд медиҳанд.

Терминали кӯҳнаи байналмиллалӣ дар ихтиёри парвозҳои дохилӣ гузошта мешавад.

Фурудгоҳи Душанбе соли 2009 бо ширкати Alpha airport ва Sofema Group-и Фаронса қарордоди ҳамкорӣ имзо кард ва ин ширкат то соли 2010 корро идома дод. Вале дар соли 2010 корро қатъ кард ва баъд аз афзоиши саҳми Тоҷикистон дар сохтмони он аз 7 миллион то ба 19 миллион евро кор идома пайдо кард. Фаронса дар ин терминал 20 миллион евро сарф кард. Арзиши умумии терминал 39 миллион евроро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG