Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти мураббии дастаи милии футболи Русия


Фабио Капелло-мураббии дастаи милии футболи Русия гуфтааст, ки вай 5 моҳи охир чун мураббӣ моҳонаи худро нагирифтааст. Капелло шаҳрванди Италия аст ва мегӯяд, ки барои пардохт накардани моҳонааш аз сӯи Федератсияи футболи Русия сабру тоқаташ тақрибан ба поён расидааст.

Ин мураббии собиқадор, ки дастаи миллии Англия ва дастаи номдори “Реал” Мадридро машқ додааст, соле 11 миллион доллар даромад дорад. Капелло гуфтааст, вай умедвор аст, ки ин мушкил ба зудӣ ҳал хоҳад шуд, бо вуҷуди он ки Русия бо надоштани пули нақд ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Тобистони соли ҷорӣ дастаи милии футболи Русия дар бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия бозии хуб нишон надод ва натавонист дар гурӯҳи худ ба даври баъдӣ роҳ ёбад.

12 октябр дар Маскав дастаи Русия аз дастаи Молдова низ шикаст хурд.

Капелло то соли 2018 бо Русия қарордоди ҳамкорӣ дорад. Соли 2018 Русия мизбони бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG