Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон роҷеъ ба Афғонистон 17 тарҳи ҳамкорӣ пешниҳод кард


Сироҷиддин Алов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар Пекин дар ҳамоиши чаҳорӯми раванди Истамбул роҷеъ ба Афғонистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба ҳамкорони худ 17 тарҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ пешкаш кардааст, ки онҳо ба Афғонистон иртибот доранд. Ин ҳамоиши вазирони корҳои хориҷа зери номи “Қалби Осиё” баргузор мешавад. Дар он Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ширкат дорад.

Тарҳои пешниҳодии Тоҷикистон бахшҳои нақлиёту мухобирот, энержӣ, сармоягузорӣ, маориф, боло бурдани тавонмандиҳои инсонӣ ва ҳимояти марзҳоро дар бар мегирад.

Ҳоло дар донишгоҳҳои Тоҷикистон тақрибан 500 нафар донишҷӯёни Афғонистон таҳсил мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2025 тақрибан 1000 донишҷӯи Афғонистонро бо стипендия таъмин кунад.

Оқои Аслов гуфт, Тоҷикистон омода аст дар оянда Афғонистонро бо нируи барқи арзон таъмин кунад. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар соҳили рудхонаи Панҷ се нуқткаи тиҷорати марзӣ ташкил шавад.

XS
SM
MD
LG