Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико натиҷаҳои райдиҳии ҷудоихоҳони Украинаро эътироф намекунад


Кохи Сафед нақшаҳои баргузории интихобот дар қаламрави зери контроли ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украинаро маҳкум кард.

Бернадетт Миэн- сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии дафтари раёсати ҷумҳурии Амрико гуфт, ки ин интихобот бо нақзи Қонуни Асосии Украина ва созишҳои ҳосилшудаи моҳи сентябр дар Минск баргузор мешавад.

Амрико натиҷаҳои ин райдиҳиро эътироф нахоҳад кард ва аз маҳофили байналмиллалӣ хоҳад хост, ки онҳо низ ин натиҷаҳоро ба расмият нашносанд.

Сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии дафтари раёсати ҷумҳурии Амрико изҳор дошт, ки Вашингтон ба Маскав ёдоварӣ кардааст, ки аз натиҷаҳои ин райдиҳӣ барои ворид кардани ниру ба қаламрави Украина суистифода накунад.

XS
SM
MD
LG