Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости се раҳбар аз Владимир Путин


Дафтари раёсати ҷумҳурии Украина гуфт, раҳбарони Украина, Олмон ва Фаронса аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хостанд, интихоботеро, ки ҷудоихоҳoн рӯзи 2-уми ноябр дар шарқи Украина баргузор мекунанд, ба расмият нашиносад. Дар ин бора зимни сӯҳбати телефонии чаҳорҷонибаи Петро Порошенко, Владимир Путин, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса дар шаби 30-уми октябр сухан рафтааст. Чаҳор раҳбар баъди имзои қарордоди содироти газ ба Украина гуфтугу карда ва аз имзои ин қарордод истиқбол кардаанд Аммо Украинаву Фаронсаву Олмон возеҳ гуфтаанд, ки натиҷаҳои интихоботи ҷудоихоҳонро ба расмият намешиносанд, зеро мухолифи муқаррароти созишномаи рӯзи 5-уми сентябр аст, ки бо ҳадафи хотима додан ба муноқиша байни Украина ва ҷудоихоҳон имзо шуд. Раҳбарони се кишвар аз Русия ҳам хостанд, ки натиҷаҳои интихоботро ба расмият нашиносад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар гузашта гуфтааст, ки Русия ҳатман натиҷаҳои интихобот дар вилоятҳои Донетску Луҳанскро мепазирад, ки ҷудоихоҳони тарафдори Русия он вилоятҳоро мустақил эълон кардаанд.

XS
SM
MD
LG