Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои курд ба ҷанг дар Кубонӣ омода мешаванд


Гурӯҳе аз размандагони пешмаргаи курд, ки аз Туркия ба шаҳри марзии Кубонии Сурия рафтанд, рӯзи 30-уми октябр ба Туркия баргаштанд, то бақияи аъзои гурӯҳро барои ҷанг дар Кубонӣ омода кунанд. Исмат Шайх Ҳасан, яке аз мақомҳои шаҳри Кубонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳофизони шаҳри Кубонӣ, ки ба ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ муқовимат мекунанд, бо гурӯҳи размандони курд мулоқот доштаанд. Ӯ афзуд, қарор аст, 150 размандаи мусаллаҳу муҷаҳҳази курд рӯзи 31-уми октябр аз Туркия ба Кубонӣ ворид мешаванд. Ҳудуди 100 размандаи пешмаргаи курд бо ҳавопаймо аз шимоли Ироқ ба ҷанубушарқи Туркия рафтанд ва аз тариқи ин кишвар ва аз роҳи заминӣ вориди Кубонӣ шуданд. Онҳо бо худ тӯпхона доштанд. Ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ҳаракати ҷангҷӯёни Давлати исломӣ ба дохили Кубониро боздошт, вале онҳо ҳанӯз аз се тарафи шаҳр камин гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG