Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ва Украина қарордоди газро имзо карданд


Русия ва Украина як қарордоди муҳимеро имзо карданд, ки таъмини муназзами Украина бо гази табиӣ дар фасли зимистонро дар назар дорад. Қарордоди мазкур бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел ҳосил шуд ва содироти муназзами газ ба Украина ва то моҳи марти соли ояндаро пешбинӣ мекунад. Ин санадро вазирони энержии Украина ва Русия ва Гуенте Оэттингер, масъули умури энержии Иттиҳодияи Аврупо, имзо карданд. Ба гуфтаи Гуенте Оэттингер, Украина то чанд рӯзи дигар 1 миллиарду 450 миллион доллар ҳаққи напардохтаи гази Русияро пардохт мекунад, то Маскав интиқоли газро дигарбора шурӯъ кунад. Баъди ин Русия фавран қиммати гази содиротиро 100 доллар поин бурда ва барои ҳар ҳазор метри мукааб 385 доллар талаб мегирад. Ба гуфтаи масъули аврупоӣ, Украина ҳамчунин ризоият додааст, ки то охири имсол 1 миллиарду 650 миллион доллар қарзи боқимондаи газро ба Русия бармегардонад ва дар сурати пардохти пешакии пул, бо гази табиӣ муназзам таъмин мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG