Пайвандҳои дастрасӣ

Лайло Юнусро аз вакили дифоъ маҳрум кардаанд


Лайло Юнус, яке аз ҳомиёни фаъоли ҳуқуқи инсон дар Озарбойҷон мегӯяд, мақомоти кишвар ӯро аз вакили дифоъ маҳрум кардаанд. Лайло Юнус дар номае, ки рӯзи 29-уми октябр аз дохили боздоштгоҳи муваққатӣ дар Боку фиристодааст, навиштааст, ки мақомот вакили дифоъаш Ҷавод Ҷаводовро аз ҳаққи ҳимояти ҳуқуқи ӯ дар додгоҳ маҳрум кардаанд. Лайло Юнус навиштааст, ин кор билофосила баъд аз он сурат гирифтааст, ки раиси ҷумҳури Фаронса нигарониаш аз парвандаи ӯро дар сӯҳбат бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон матраҳ кардааст. Франсуа Олланд ва Илҳом Алиев рӯзи 27-уми октябр дар Париж гуфтӯгу доштанд. Ҷавод Ҷаводов дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, муфаттишони озарӣ ӯро рӯзи 29-уми октябр ҳамчун шоҳид дар парвандаи Лайло Юнус бозпурсӣ кардаанд. Лайло Юнуси 58-сола, аз мунтақидони тудлаҳни ҳукумати Озарбойҷон аст ва ӯву шавҳараш Ориф Юнусро тобистони ҳамин сол бо иттиҳоми хиёнат ба ватан ва дигар ҷиноятҳои сангин дастгир карданд. Ҳарду мегӯянд, ки боздошташон ангезаҳои сиёсӣ дорад. Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз давлати Озарбойҷон хостаанд, ки онҳоро озод кунад.

XS
SM
MD
LG