Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сулаймони Ҷамшед, варзишгари ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо ба хотираи мураббии варзида Амонтой Ҳайдархонов дар Қазоқистон медали тилло ба даст овард.

Сулаймони Ҷамшед, варзишгари ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо ба хотираи мураббии варзида Амонтой Ҳайдархонов дар шаҳри Темиртови Қазоқистон медали тилло ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 46 кило бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, мақоми аввалро касб кард.

Мусобиқаи мазкур, ки бо номи «Огни Магнитки» (“Оташи Магнитка”) машҳур аст, барои бори чордаҳум баргузор шуд. Дар он варзишгарони солҳои таваллудашон 1998-2000 аз Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Украина ширкат доштанд.

Паҳлавонони навраси тоҷик, инчунин, рӯзҳои 24-26-уми октябр дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо байни кӯдакону наврасон барои ҷоизаҳои мақомоти шаҳри Иркутски Русия ширкат варзида, панҷ медал гирифтанд.

Нуралишо Бодомаев (60 кг) ва Муртазо Аминов (90 кг) дар сабқати наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000 бо медалҳои биринҷӣ, Денис Ҷумъабоев (42 кг) дар байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2001-2002 бо медали нуқра, Асадулло Тохиров (66 кг) ва Темур Раҳимов (+90 кг) дар байни навҷавонони солҳои таваллудашон 1995-97 бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG