Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сирояти эбола дар Либерия суст шудааст


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ҷараёни сирояти бемории хатарноки эбола дар Либерия, кунд шудааст. Эпидемияи эбола дар ин кишвари ғарби Африқо аз ҳама бадтар аст. Брюс Айлворд, дастёри раиси созмон рӯзи 29-уми октябр, гуфт, мавридҳои муроҷиати мубталоён ба бемористон ва дафни ҳалокшудагон камтар шудааст, вале гуфт, набояд беш аз ҳад хушбин буд. Бар тибқи омори нави Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт то кунун, аз бемории эбола 4922 нафар ҳалок шудаанд. Дигар ин ки 40 нафар аз сиёсатмадорону, дипломатҳо ва низомиёни Аврупо аз паймони НАТО хостаанд, барои мубориза бо бемории эбола ба кишварҳои ғарби Африқо, ҳавопаймову киштӣ ва сарбоз бифристад.

XS
SM
MD
LG