Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Иттиҳодияи Аврупо замонат мехоҳад


Русия мегӯяд, то замоне, ки Иттиҳодияи Аврупо пардохти пешакии пули гази Украинаро замонат надиҳад, ҷанҷоли Русияву Украина дар бораи содироти газ ҳал намешавад. Намояндагони Русия, Украина ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 29-уми октябр дар шаҳри Брюссел дар бораи содироти газ ба Украина гуфтӯгу карданд. Александр Новак, вазири энержии Русия, гуфт, дар ин музокирот, ки то шаб идома кард, “параметрҳои бунёдии” санадҳо дар бораи қимату ҳаҷми гази содиротӣ ва роҳҳои пардохти қарзи гази Русия мушаххас шудааст. Аммо гуфт, ӯ, кишвараш замоне, газро ба Украина сар медиҳад, ки мутмаин бошад, пули онро пардохт мекунанд. Александр Новак афзуд, “Агар пул бошад, газ ҳам мешавад.” Алексей Миллер раиси ширкати давлатии “Газпром” гуфт, агар Украина ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи замонати пардохти ҳаққи газ ба мувофиқа бирасанд, музокирот дар бораи содироти газ ба Украина рӯзи 30-уми октябр идома мекунад. Алексей Миллер афзуд, “Агар чунин ёддошт ҳосил нашавад, рӯзи 30-уми октябр ҳеҷ гуна музокирот ва ё гуфтӯгу сурат намегирад ва ҳеҷ санад низ имзо намешавад.”

XS
SM
MD
LG