Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири амнияти Чин


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин ҳамкории Душанбеву Чин дар масоили амниятӣ ва ҳифзи тартиботро баҳс кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи панҷшанбе бо Мэн Хунвей, муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин дар бораи масоили ҳамкории ду кишвар гуфтугӯ кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Мэн Хунвей будааст. Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди тақвияти марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон сӯҳбат кардаанд.

XS
SM
MD
LG