Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин ба Афғонистон тариқи Вахон роҳ месозад


Миёни Чин ва Афғонистон тариқи долони Вахон роҳи мошингард бунёд мешавад. Дар посух ба пешниҳоди бунёди роҳи мустақим миёни Афғонистон ва Чин, мақомоти Пекин дархости Кобулро пазируфтанд. Ба иттилои телевизиони “Тулуъ” ба нақл аз масълуони вазорати фавоиди оммаи он кишвар, дар посух ба пешниҳоди раиси ҷумҳури Афғонистон дар мавриди бунёди роҳи мошингарди миёни ин ду кишвар, мақомоти Чин мувофиқат кардаанд ва ҳамакнун ин ҷода дар масири “Роҳи абрешим” бунёд мешавад. Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳур дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бо сафари расмиии чаҳоррӯза дар Чин қарор дорад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин роҳ вилояти Бадахшони Афғонистонро бо ноҳияи мусалмоннини Шинҷони Чин тариқи Вахон мепайвандад. Ин роҳ тариқи ағбаи Анҷуман дар дараи Панҷер ба Кобул васл мешавад. Мақомоти вазорати фавоиди умумии Афғонистон ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки Кобул омодааст ҳастанд дар бунёди ин роҳ бо ҷониби Чин саҳми худро бигузорад. Мақомоти афғон умедворӣ кардаанд, ки бунёди роҳи Вахон-Чин ба рушди тиҷорат миёни ду кишвар ва ҳамчунон коҳиши қимати нақлиёти колои содироти ва воридотӣ, ҳамчунин ба рушди бозаргонии Афғонистон бо Аврупо ва Осиё мусоидат мекунад. Минтақае, ки қарор аст ин роҳ бунёд шавад, кӯҳистонӣ буда ва ба роҳсозон лозим меояд, ки дар чанд минтақа туннел ҳам бунёд намоянд. Афғонистон то кунун молу колои худ аз Чинро тариқи Тоҷикистон ва Покистон ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG