Пайвандҳои дастрасӣ

Саввумин нишасти сиёсатмадорони ҷавони АвруОсиё дар Душанбе


Имрӯз, панҷшанбеи 30 октябр саввумин нишасти Бошгоҳи сиёсатмадорони ҷавони АвруОсиё дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард. Ин нишаст ба ибтикори Бунёди ҳамкориҳои башарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуда ва ширкатдорони он дар масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ ва рушди муосири илми сиёсатшиносӣ баҳсу баррасиҳо хоҳанд кард. Масоили дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Гурмукӣ ва ҳадафу вазоиф ва лоиҳаҳои стратегии Чин дар фазои пасошӯравӣ низ аз дигар мавзӯоти матруҳаи нишасти сиёсатмадорони ҷавони АвруОсиё дар Душанбе аст. Дар ин нишаст, сиёсатмадорони ҷавон, таърихшиносон, журналистон ва ҷомеашиносон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Узбакистон ва Тоҷикистон ширкат доранд. Бошгоҳи сиёсатмадорони АвруОсиё соли ҷорӣ ташкил шуда ва нахустин нишасти сиёсатмадорони ҷавон дар Остона ва дуввумӣ дар Бишкек баргузор шудааст. Интизор меравад, то поёни соли ҷорӣ нишастҳои дигари ин Бошгоҳ дар Минск ва Маскав низ доир шаванд.

XS
SM
MD
LG