Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Истиқлол» бар ССКА «Помир» ва «Регар» бар «Парвоз»


Лаҳзае аз бозии дастаи "Истиқлол"
Лаҳзае аз бозии дастаи "Истиқлол"

Рӯзи 29-уми октябр ду бозии мавқуфгузоштаи даври 14-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, дар бозии мавқуфгузоштаи даври 14-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ ССКА «Помир» -Душанберо бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Ду голро Мануэл Бледа Родригес, легионери испанӣ ва Фатҳулло Фатҳуллоев дар нимаи аввали бозӣ, ду голи дигарро Нуриддин Давронов ва Дилшод Восиев дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд.

Дар бозии дигари мавқуфгузоштаи даври 14-ум «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар дастаи меҳмон - «Парвоз» -и Бобоҷон Ғафуров - бо ҳисоби 2:1пирӯз шуд. Ду голи мизбононро Музаффар Сироҷиддинов ва як голи меҳмононро Илҳом Баротов заданд.

Вале бозии мавқуфгузоштаи даври 14-ум байни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-Хуҷанд баргузор нашуд. “Энергетик”, ки аз идомаи ширкат дар мусобиқа даст кашидааст, бо ҳисоби фаннии 0:3 мағлуб ва “Хуҷанд” бо ҳисоби фаннии 3-0 ғолиб дониста шуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 14-ум

«ИСТИҚЛОЛ» - ССКА «ПОМИР» - 4:0

Голҳо: Мануэл Бледа Родригес, 7 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 43 (2:0). Нуриддин Давронов, 53 (3:0). Дилшод Восиев, 60 (4:0).

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ПАРВОЗ» - 2:1

Голҳо: Музаффар Сироҷиддинов, 33 (1:0). Музаффар Сироҷиддинов, 89 (2:0). Илҳом Баротов, 90+3 (2:1).

Самад Шоҳзуҳуров («Парвоз») дар дақиқаи 70-ум аз пеналтӣ истифода карда натавонист.

«ЭНЕРГЕТИК» - «ХУҶАНД» - 0:3 (натиҷаи техникӣ)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

16

15

1

0

62-8

46

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

15

8

4

3

20-14

28

3

«Хайр» (Ваҳдат)

15

8

2

5

23-16

26

4

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

15

7

5

3

15-10

26

5

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

15

6

1

8

20-32

19

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

5

4

6

22-21

19

6

«Энергетик» (Душанбе)

16

5

4

7

17-24

19

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

15

2

5

8

9-22

11

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

15

3

1

11

6-26

10

10

«Равшан» (Кӯлоб)

15

2

3

19

14-35

9

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 15 тӯб, Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 7-тӯбӣ, Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз») – 6-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 16-ум:

1-уми ноябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:00

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «ХУҶАНД». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

«РЕГАР-ТАДАЗ» - ССКА «ПОМИР». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

«ХАЙР» - «ПАРВОЗ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»

«ВАХШ» - «РАВШАН». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

XS
SM
MD
LG