Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯришиёни Сурия аз Туркия вориди Кубонӣ шудаанд


Мақомот ва фаъолон мегӯянд, ки як гурӯҳи размандагон аз Артирши Озоди Сурия аз қаламрави Туркия ба шаҳри Кубонӣ ворид шудаанд, то ба пешмаргаҳои курд дар мубориза бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ кӯмак кунанд.

Бино ба гузоришҳо, чанд соат пеш аз вуруди онҳо як гурӯҳи пешмаргаҳои курдҳои Ироқ низ ба Туркия расидаанд. Онҳо низ ба кӯмаки курдҳои Кубонӣ омадаанд.

Мақомоти курд дар Кубонӣ ва фаъолони Сурия гуфтаанд, ки тақрибан 50 нафар размандагони Артиши Озоди Сурия аз минтақаи марзии Мурситпинаври Туркия ба Кубонӣ гузаштаанд. Вале дар ин бора мақомоти расмии Туркия дар Анкара тавзеҳот надодаанд.

Артиши Озоди Сурия барои сарнагунии режими Башор Асад дар ин кишвар мубориза мекунад. Дар давоми 6 ҳафтаи ҷангҳо дар Кубонӣ бештар аз 800 нафар кушта 200 ҳазор нафар беҷо шудаанд.

XS
SM
MD
LG