Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйироти кадрӣ ва баҳси будҷа дар ҷаласаи ҳукумат


Дар ҷаласаи рӯзи 29 октябри ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли 2015 ва нишондиҳадаҳои будҷа барои солҳои 2016-2017 баррасӣ шуда, чанд тағйироти кадрӣ ҳам сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки бо фармони президент Иброҳим Ҷобиров директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, Анвар Махсудов - ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Шуҷоат Сироҷов - директори иҷроияи маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар ва Сафар Каримов директори маркази татбиқи лоиҳаи Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона таъин карда шуданд.

Анвар Махсудов дар мақоми ректори Донишгоҳи Хуҷанд Ғафурҷон Усмоновро, ки бо сабаби беморӣ аз вазифа рафтааст, иваз мекунад.

Ҳамчунин дар ҷаласаи ҳукумат аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудаанд.

XS
SM
MD
LG