Пайвандҳои дастрасӣ

Пешмаргаҳои курд ба Туркия расиданд


Пешмаргаҳои курд

Пешмаргаҳои курд

Солиҳ Муслим Муҳаммад-раҳбари курдҳои Сурия мегӯяд, ки 150 нафар пешмаргаҳои курди Ироқ 28 октябр ба Туркия расидаанд ва дар роҳ ба сӯи Кубонӣ-шаҳри курднишини Сурия мебошанд. Ин шаҳр дар марз бо Туркия дар муҳосираи тундравҳои Давлати Исломӣ қарор дорад.

Мақомоти курдҳои Ироқ мегӯянд, ки пешмаргаҳо аз пойгоҳи низомии назидкии Ирбил ба роҳ баромадаанд ва қабл аз вуруд ба Сурия аз Туркия мегузаранд. Онҳо дар Кубонӣ ба курдҳои ёрӣ медиҳанд.

Ҳафтаи гузашта ҳукумати минтақаии курдҳои Ироқ барои фиристодани 150 нафар пешмарга ба Кубонӣ иҷоза дод. Ҳамлаҳои ҳавоӣ зери фармондеҳии Амрико тундравҳои Давлати Исломиро аз пешравӣ ба Кубонӣ нигоҳ доштааст.

Тундравҳои Давлати Исломӣ аз соли 2013 ба ин сӯ барои ба тасарруфи худ даровардани шаҳри Кубонӣ бо курдҳо мубориза мекунанд. Онҳо дар давоми даргириҳои як моҳа маҳаллоти атрофи Кубонӣ ва деҳоти онро ба контрол даровардаанд.

XS
SM
MD
LG