Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Doing business-2015 11 зина боло рафт


Дар гузориши нави Doing business 2015, ки рӯзи 29 уми октябр дар торанмои расмии Бонкӣ ҷаҳонӣ нашр шудааст, Тоҷикистон аз ҷиҳати осонии пешбурди тиҷорат дар байни 189 кишвари ҷаҳон дар ҷои 166−ум ҷой гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 11 зина боло аст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар ҷои 177−ум буд.

Мақоми ҳар кишвар дар ин гузориш аз рӯйи 10 шохис -- сабтиноми корхона, иҷоза гирифтан барои сохтмон, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, дастрасӣ ба нерӯи барқ, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, ҳимояи сармоягузорон, андозбандӣ, тиҷорати байналмиллалӣ муфлисшавӣ ва монанди инҳо муайян мешавад.

Бо вуҷуди он, ки мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар маҷмӯъ боло рафтааст, аммо бинобар гузориши нави Doing bissness дар Тоҷикистон ҳамоно бақайдгирии ширкатҳо мушкил аст ва таи соли охир мушкилтар шудааст. Аз ин рӯи ин раддабандӣ мавқеи кишвар нисбат ба соли қаблӣ 10 радда поин рафтааст. Аммо таи соли охир дастрасии бизнес ба қарзҳои бонкӣ хубтар ва шеваи андозсупоришаон беҳтар шудааст.

Мақоми Тоҷикистон инчунин аз рӯи банди ҳимояи сармоягузорон низ як радда поин рафтааст ва ба нишондоди гузоришгарон, дар Тоҷикистон эҳтимоли ба додгоҳ кашонидани саҳҳомон ҳанӯз баланд аст. Ба таъкиди гузоришгарон, дар Тоҷикистон ҳамчунин муфлис эълон кардани ширкат хеле душвор аст ва ба ҳисоби миёна барои пардохтнопазир эълон кардани ширкат як солу ҳафт моҳ сарф мешавад, ки зиёд аст.

Гузориши Doing Business, ки мизони соддагии пешбурди тиҷоратро дар 189 кишвари ҷаҳон чен мекунад , аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилаллии молӣ аз соли 2005 ҳар сол нашр мешавад ва як навъ роҳнамои соҳибкорону сармоягузорони байналмилалӣ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG