Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлили солгарди 20-уми ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон дар Бодканд


Дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодканд имрӯз маросими таҷлил аз 20 - умин солгарди иттиҳоди ҷамъиятии тоҷикони муқими Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ баргузор мешавад.

Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин маросим намояндагони аҳли фарҳанг ва ҳунар аз вилояти Суғд, ба шумули овозхонҳои маъруф, Ҷӯрабеки Мурод ва Ҷӯрабеки Набӣ ва ансанбли рақсии “Зебо” иштирок хоҳанд кард ва саҳарӣ озими бодканд шудаанд.

Ба гуфтаи Ғиёсидин Эҳсонов, намояндаи вилояти Суғд дар Бодканд, дар ин маросим ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Бишкек – Олим Раҳимов ва Равшан Собиров – раҳбари созмони “Рӯдакӣ”, аҳли намояндагони ҳукумати Қирғизистон, вилояти Бодканду ноҳияи Қадамҷой ва меҳмонони қирғиз иштирок мекунанд.

“Меҳмонони тоҷикро муовини губернатори Бодканд ҳоло дар марзи Исфара истиқбол намуда, ба ноҳияи Қадамҷой мебарад. Баргузории як конфаронси илмиву адабӣ ва маҳфили фарҳангиву шеъру суруд ба хотири таҳкими дӯстиву ҳамҷавории халқҳоии тоҷику қирғиз ва узбак бо зиёати палави тоҷикӣ дар назар аст, ” – афзуд вай.

Дар мавриди ин ки чаро ҷашни мазкур дар ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд, деҳаи Учқурғон баргузор мегардад, ҷаноби Эҳсонов гуфт, дар ин вилояти Қирғизистон аз манотии дигари ин кишвар бештар ва зиёда аз 40 ҳазор тоҷикон ва танҳо дар мавзеи Учқурғон 28 ҳазор тоҷикон ба таври муқимӣ зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи вай, мавзеи Учқӯрғон дорои 3 мактаби тоҷикӣ аст, ки ба номҳои Садридин Айнӣ, Рӯдакӣ ва Ҷомӣ гузошта шудаанд.

XS
SM
MD
LG