Пайвандҳои дастрасӣ

Курдҳои Ироқ ба кӯмаки Кубонӣ мешитобанд


Мақомоти Курдистони Ироқ мегӯянд, даҳҳо нафар аз размандагони пешмаргаи курд рӯзи 28-уми октябр барои кӯмак ба курдҳои Сурия дар муқобила бо ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ ба шаҳри муҳосирашудаи Кубонӣ рафтаанд. Ба гуфтаи мақомот, нерӯҳои пешмаргаи курд аз шаҳри Ирбили Ироқ бо ҳавопаймо ба Туркия мераванд ва аз онҷо аз роҳҳои заминӣ ба Кубонӣ мерасанд. Ҳавопаймоҳои нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико низ чанд ҳафта аст, ба мавқеъҳои ҷангҷӯёни давлати исломӣ дар Кубонӣ зарба мезананд. Ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ аз соли 2013 ба ин тараф барои шаҳри Кубонӣ меҷанганд, аммо натавонистаанд, онро ба даст биёранд. Баъди шиддат гирифтани ҳамлаи онҳо ба Кубонии умдатан курднишин дар моҳи сентябр 200 ҳазор нафар аз ин шаҳри марзӣ ба Туркия фирор кардаанд ва дар ҷангҳо барои ин шаҳр аз моҳи сентябр то кунун бештар аз 800 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG