Пайвандҳои дастрасӣ

Саркиссиён ва Алиев дар Порис мулоқот карданд


Раиси ҷумҳури Арманистон ва ҳамтои озарии ӯ рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Порис доир ба ҳалли муноқишаи Вилояти Қаробоғи кӯҳӣ гуфтӯгу карданд. Серж Саркиссиён ва Илҳом Алиев бори саввум аст, ки дар муддати се моҳи ахир мулоқот мекунанд. Ду раҳбар дар пойтахти Фаронса мулоқоти як ба як доштанд ва сипас раҳбарони гурӯҳи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мавсум ба гурӯҳи Минск ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Ҷеймс Варлик, фиристодаи Амрико, Игор Попов аз Русия ва Пйер Андре, фиристодаи Фаронса дар гуфтӯгу ҳузур доштанд. Серж Саркиссиён ва Илҳом Алиев рӯзи 27-уми октябр ҳамчунин бо Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса алоҳида гуфтӯгу карданд. Раиси ҷумҳури Арманистон гуфт, кишвараш ҳамчунон тарафдори ҳалли мусолиматомези муноқишаи Қаробоғи кӯҳӣ аст. Хушунат дар ин минтақа моҳҳои ахир зиёд шудааст ва аз моҳи августи то кунун 20 сарбоз аз ҳарду тараф кушта шуданд. Ҷудоихоҳони арманӣ аввали солҳои 90 –ум баъди ҷанг бо Озарбойҷон бо ҳимояти Арманистон вилояти умдатан арманинишини Кӯҳистони Қаробоғро гирифтанд.

XS
SM
MD
LG