Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузориҳо дар Ироқ 34 нафарро кушт


Дар натиҷаи ду бомбгузорӣ дар Ироқ рӯзи 27-уми октябр дасти кам 34 нафар кушта шуданд. Яке аз ин ҳамлаҳои хунин ба посгоҳи шибҳанизомиёни шиамазҳаб дар шаҳри Ҷурф ал-Сахр сурат гирифт. Ин шаҳрро рӯзе пештар нерӯҳои ҳукуматӣ ва шибҳанизомиёни Ироқ аз ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ пас гирифтанд. Шаҳри мазкур, ки аз моҳи июл дар дасти ҷангҷӯён буд, дар 50 километрии ҷануби Бағдод ҷойгир аст. Ба гуфтаи мақомот, як бомбгузори маргталаб, ки мумкин аст, узви Давлати исломӣ буд, мошини бомбгузоришударо ба посгоҳ равон кард ва тарконд. Дар натиҷаи ин ҳамла 24 нафар кушта ва 20 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Айни замон ба гуфтаи пулис, рӯзи 27-уми октябр дар натиҷаи таркиши мошини бобмгузоришудаи дигар дар ноҳияи умдатан шианишини Каррода дар Бағдод 10 нафар ҷон доданд.

XS
SM
MD
LG