Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Аҳмадзай ба Чин оғоз мешавад


Рӯзи 28-уми октябр сафари серӯзаи Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ба Чин шурӯъ мешавад. Ӯ бо Хи Ҷинпинг, раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти баландпоя гуфтугӯ мекунад ва байни ду тараф созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасад. Чин, ки ташнаи маъданҳои табиӣ ва нафту газ аст, як сармоягузории аслии Афғонистон ба ҳисоб меравад ва ба манобеъи табии он чашм дӯхтааст, ки арзиши онҳоро 1 триллион доллар медонанд. То кунун байни ду тараф қарордодҳои бузурге дар бораи истихроҷи нафту мис дар Афғонистон имзо шудааст. Вазорати умури хориҷии Афғонистон бо нашри як баёния гуфт, ин кишвар « Чин барои эҳёи Афғонистон ҳар кореро, ки аз дасташ меояд, анҷом медиҳад.» Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ҳамчунин дар як конфронси байналмилалӣ дар бораи Афғонистон бо номи «Раванди Истанбул» ширкат мекунад. Афғонистону Чин дар минтақаи кӯҳистонии Вахон, 76 километр марзи муштарак доранд.

XS
SM
MD
LG