Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони байналмиллалӣ интихоботи Украинаро эътироф карданд


Нозирони байналмиллалӣ
Нозирони байналмиллалӣ

Нозирони байналмиллалӣ натиҷаҳои интихоботи порламонии Украинаро эътироф кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Русия умедвор шудааст, ки бо ташкили ҳукумати “созанда” шиддати вазъ дар Украина коҳиш меёбад.

Кент Ҳарстед-ҳамоҳангсози вижаи САҲА дар нишасти хабарие гуфт, “рай ба андозаи кофӣ ба муқаррароти интихобот мутобиқ аст ва райдиҳандагон барои озодиҳои аввалия имкони интихоб доштанд”.

Ҳизбҳои ҷонибдори Аврупо дар интихоботи порламонии Украина пирузии ҳамаҷониба ба даст оварданд ва умедворӣ пайдо шудааст, ки баъд аз як соли моҷароҳо ва чанд моҳи ҷанг бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи кишвар суботу оромӣ ба кишвар бармегардад.

Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, ки 27 октябр ба нашр расид, нишон медиҳад, ки эътилофи Петро Порошенко-раиси ҷумҳур ва Ҷабҳаи мардумии Арсений Ятсенюк-нахуствазир дар сафи пеши мубориза қарор доранд. Эътилофи Порошенко 21,6 ва Ятсенюк 21,7 дарсад рай гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG