Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин пешниҳоди тақсими қанди ирис кард


Ба ҳам якҷоя шудани ду калима ҳангоми суханронии расмӣ порчае аз суҳбатҳои раисиҷумҳури Русия, Владимир Путинро мавриди танзу хандаи шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дод.

Дар ҳоле ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар суханронияш дар ҳамоиши сиёсатшиносон барои баррасии сиёсаии дорхилӣ ва хориҷии Русия, ки бо номи форуми Валдай маъруф аст, ибораи “и риски” – “ва рискҳо ё хатарҳо”-ро якҷоя ба забон овард, вожаи “ириски” садо дод, ки маънии ширинии ирис ё тофиро дорад. Дар натиҷа ҷумлаи ӯ, ки гуфт, Русия “бо ҳам дидани хатарҳоро бо шарикони аврупоӣ ё амрикоӣ мутлақо одилона мешуморад,“ чунин садо дод, ки Русия комилан одилона мешуморад, ки қандҳои ирисро бо шарикони аврупоӣ ё амрикоии худ тақсим кунад.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто яке аз расонаҳои расмии “Канал 9” дар пайванд ба ин ибораи Путин аз суханони раҳбари собиқи Шӯравӣ Леонид Брежнев ёд карданд, ки калимаи “систематически” дар талаффузи ӯ “сискимасиски” садо дода, ба як латифаи замони шӯравӣ табдил ёфта буд.

XS
SM
MD
LG