Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав натиҷаҳои интихоботи Украинаро эътироф кард


Григорий Карасин
Григорий Карасин

Маскав натиҷаҳои интихоботи порламонии Украинаро эътироф мекунад. Дар ин бора Григорий Карасин-муовини вазири корҳои хориҷаи Русия хабар дод. Вай ҳамчунин гуфт, ки тақсими ниру дар порламони нав ба раҳбарияти Украина имкон медиҳад, ки ба таври ҷиддӣ ба ҳали масоили муҳими ҷомеа машғул шавад.

Кумиссинюни Марказии интихоботии Украина бештар аз се ҳиссаи райҳоро ҳисоб кардааст ва тибқи он ҳизби “Ҷабҳаи мардумӣ”-и нахуствазир Арсений Ятсенюк бо 21,7 дарсад дар зинаи аввал ва эътилофи Петро Порошенко тақрибан бо 21,6 дарсад дар зинаи дуввум қарор дорад.

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ба ҷуз аз ин ду ҳизб чаҳор ҳизби дигар “Самапомош”ба раҳбарии Андрей Садовий-шаҳрдори Лвов, Эътилофи мухолифин, Ҳизби Тундгарои Олеҳ Ляшко ва “Баткившина” ба раҳбарии Юлия Тимошенко ба порламон роҳ меёбанд.

XS
SM
MD
LG