Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ашраф Ғанӣ аз Чин боздид мекунад


Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ

Интизор меравад, ки Аашраф Ғанӣ Аҳмадзай-раиси ҷумҳури Афғонистон барои боздиди расмии серӯза вориди Чин шавад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки Ғанӣ бо Сӣ Ҷинпин-раиси ҷумҳури Чин ва раҳбарони дигари ин кишвар дидору гуфтугӯ ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.

Чин, ки кишвари бузурги истеъмолкунандаи энержӣ ба шумор меравад, яке аз сармоягузорони калидӣ дар Афғонистон мебошад ва тақрибан ба арзиши 1 триллион доллар дар бахшҳои энержӣ ва маъодани Афғонистон қарордодҳои ҳамкорӣ имзо кардааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Чин гуфтааст, Пекин ҳамаи кӯмакҳоро дар ихтиёри Афғонистон хоҳад гузошт, то ин кишвар “бозсозии сулҳомез”-и худро идома диҳад.

Афғонистон ва Чин дар водии Вахон дар марз бо Шинҷони Чин 76 километр марзи муштарак доранд.

XS
SM
MD
LG