Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав ва Тифлис баъд аз 6 сол парвозҳоро аз сар гирифтанд


Баъд аз 6 соли танаффус парвози ҳавопаймоҳо миёни Тифлис ва Маскав аз сар гирифта шуд. Нахустин парвозро ширкат “Аэрофлот” анюҷом дод.

Моҳи августи соли 2008 баъд аз ҷанги мухтасари миёни Гурҷистон ва Русия парвози мустақим миёни ин ду шаҳр қатъ шуда буд.

Русия ва Гурҷистон то ҳол байни ҳам муносиботи дипломатӣ надоранд. Аз замони дахолати низомии нируҳои Русия дар муноқишаи Асетияи Ҷанубӣ ин муносибатҳо қатъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG